Jump to content

Ҳусайн ал-Ҳусӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҳусайн Бадриддин Ҳусӣ)
Ҳусайн ал-Ҳусӣ
Номи комилҲусайн Бадриддин ал-Ҳусӣ
МазҳабЗайдӣ
НасабСодоти Ҳасанӣ
Санаи таваллуд1960м
ЗодгоҳМинтақаи Рувайси вилояти Саъда - Яман
Санаи шаҳодатТобистони 2004м
Маҳалли дафнСаъда
СиёсӣМубориза бо Амрико ва Исроил
ФаолиятҳоТаъсиси ҷамъияти хайрияи Маррон • таъсиси мадрасаҳои динӣ • таъсиси марказҳои табобатӣ дар минтақаи Маррон


Ҳусайн ал-Ҳусӣ (арабӣ: حسين الحوثي) (2004 - 1960м) бунёнгузор ва аввалин раҳбари Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман аст. Ӯ шиаи зайдимазҳаб буд ва таҳти таъсири андешаҳои Имом Хумайнӣ, душманӣ бо Амрико ва Исроилро шиори худ қарор дод ва масъалаи Фаластинро ҷузви авлавиятҳои худ ва ҷунбишаш баён кард. Вай фаъолиятҳои сиёсии худро бо мубориза бо нуфузи афкори инҳирофие монанди ваҳҳобият оғоз карда буд. Ӯ ибдоъкунандаи шиори маъруфи ҳусиҳо ба номи "сарха" аст. Ҳусайн ал-Ҳусӣ ба хотири душманӣ бо Амрико, тавассути давлати Яман ба раёсати Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ба шаҳодат расид.

Ҷойгоҳ

Сайид Ҳусайн, дар соли 1960 (шаъбони 1379ҳ.қ.) дар минтақаи Рувайси вилояти Саъдаи Яман ба дунё омад.[1] Ӯ сиёсатмадор, фармондеҳи низомӣ, бунёнгузори Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ва аввалин раҳбари ин ҷунбиш аст.[2] Мазҳаби ӯ ва хонаводаашро шиаи зайдии ҷорудӣ унвон кардаанд.[3] Дӯстон ва устодонаш ӯро ба доштани заковат, бартарии илмӣ ва мутолиоти густарда тавсиф мекунанд[4] ва ӯро бо сифатҳое ҳамчун Шуҷоат, басират ва дарёдилӣ мешиносанд.[5] Нисбати хонаводагии ӯ ба Имом Ҳасан (а) мерасад.[6] Мегӯянд, падараш - Бадриддин ал-Ҳусӣ, аз боризтарин мароҷеъи мазҳаби зайдӣ будааст.[7]

Маросими солрӯзи шаҳодати Ҳусайн Бадриддин Ҳусӣ дар Санъо (2023)

Ҳусайн ал-Ҳусиро моил ба эътиқодоти шиаи исноъашарӣ, қоил ба исмати аимма ва муътақид ба Маҳдии Мавъуд донистаанд.[8] Бархе низ гуфтаанд, ки вай ба мазҳаби шиаи исноъашарӣ гаравида буд.[9]

Ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, ҷараёнҳои мухталифе ҳамчун Ваҳҳобият, Ихвон-ул-муслимин, сотсиализм, носирия ва вуқуъи Инқилоби исломии Эрон бар шаклгирии тафаккури Ҳусайн ал-Ҳусӣ таъсир доштааст.[10] Фаъолиятҳои ҳизбӣ ва ройзании бо уламои яманӣ ва уламои кишварҳои дигар аз дигар авомили шаклгирии манзумаи фикрии Ҳусайн ал-Ҳусӣ ба шумор рафтааст.[11] Суханрониҳои вай таҳти унвони «Малозим» ҷамъоварӣ шуда ва ба унвони маншури эътиқодии ҷунбиши Ансоруллоҳ мавриди истифодаи аъзои ин гурӯҳ қарор мегирад.[12]

Ҳусӣ, улуми диниро аз падараш омӯхт.[13] Пас аз фориғуттаҳсилӣ дар риштаи адабиёт, ҷиҳати такмили таҳсилоти худ, ба Судон рафт.[14] Вай таълифоти мутааддиде дорад, ки машҳуртарини онҳо ас-Сарха фи ваҷҳ-ил-мустакбирин аст.

Андешаҳо

Ҳусайн ал-Ҳусӣ муътақид буд, Ҷаҳони Ислом дучори инҳитот шудааст ва ягона роҳи наҷоти он, бозгашт ба Қуръон ва таълимоти он он аст.[15]

Дидгоҳ дар бораи Исроил ва Амрико

Истикборситезӣ аз ҷумлаи вижагиҳои ӯ ба шумор рафтааст. Ӯ ҳамвора ба мардуми Яман дар хусуси нуфузи Амрико дар ин кишвар ҳушдор медод.[16] Аз нигоҳи ӯ, озодии Фаластин меҳвари бедорӣ ва пӯёии мусулмонон ба шумор мерафт.[17] Вай бар зинда нигаҳ доштани Рӯзи Қудс ва вуҷуби таҳрими колоҳои исроилӣ ва амрикоӣ, таъкид дошт. Сайид Ҳусайн барои озодии Фаластин, умеде ба ҳуккоми кишварҳои исломӣ надошт.[18] Вай ба хотири бадъаҳдии Исроил, ҳаргуна созиш бо онро ғайримумкин медонист.[19]

Дидгоҳ дар бораи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Имом Хумайнӣ

Сайид Ҳусайн ал-Ҳусӣ масири Инқилоби Исломии Эронро танҳо роҳи озодии миллатҳои мусулмон медонист.[20] Ӯ низоми Ҷумҳурии Исломии Эронро улгуи муносибе барои мусулмонон муаррифӣ мекард ва бар ин ақида буд, ки ҳар касе дар муқобили Инқилоби Исломии Эрон беистад, Худо ӯро муҷозот хоҳад кард.[21]

Ҳусӣ муътақид буд, Имом Хумайнӣ бо зинда кардани суннати бароат аз мушрикин, мардумро бо маънои саҳеҳ ва қуръонии ҳаҷ ошно кард.[22] Сайид Ҳусайн аз бунёнгузори низоми Ҷумҳурии Исломӣ бо унвони «Имом» ёд мекард ва афкори ӯро наҷотдиҳанда медонист.[23] Вай Имом Хумайниро раҳмати Илоҳӣ барои миллатҳои араб медонист ва мегуфт онҳо худро аз ин неъмат маҳрум кардаанд.[24] Ӯ Имом Хумайниро имоми одил, ботақво ва мустаҷоб-уд-даъва медонист.[25]

Фаъолиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ

Шиори рӯи парчами ҳусиҳо дар Яман чунин аст: «Худо бузургтарин аст. марг бар Амрико. Марг бар Исроил. Нафрин бар яҳудиён, пирӯзӣ барои Ислом аст.»

Ҳусайн ал-Ҳусӣ, фаъолиятҳои сиёсии худро бо мубориза алайҳи нуфузи ваҳҳобият дар Яман оғоз кард.[26] Дар соли 1993 ва бо ҳадафи маҳрумиятзудоӣ аз устони Саъда,[27] ба намояндагӣ аз ҳизби Ҳақ,[28] вориди маҷлиси намояндагони Яман шуд.[29] Вай дар мунозиаи байни ҳизби иштирокӣ ва ду ҳизби Муътамар ва Ислоҳ, бар эҷоди мусолиҳа таъкид дошт ва аз ҳамроҳӣ бо давлат дар барпоии ҷанг худдорӣ кард.[30]

Сайид Ҳусайн аз ҳузур дар давраи баъди маҷлиси намояндагон худдорӣ ва анҷумани Шабоб-ул-муъминро таъсис кард,[31] ки баъдҳо Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман номида шуд.[32] Ҳадафи аввалияи ташкили ин анҷуман, анҷоми корҳои фарҳангӣ буд.[33] Пас аз вуқуъи ҳодисаи ёздаҳи сентябр ва ҳамлаи Амрико ба Афғонистон ва Ироқ ва ҳузури низомии он дар минтақа ва халиҷи Адан, ҳаракати зиддиистикборӣ ва зиддиамрикоии Сайид Ҳусайн шурӯъ шуд.[34] Вай муътақид буд, ҳодисаи ёздаҳи сенятбр тавассути дастгоҳҳои иттилоотии Амрико рақам хӯрд, ки ба дунболи ба даст овардани баҳона барои ҳамла ба кишварҳои исломӣ буданд.[35] Ал-Ҳусӣ рӯзи Фаластинро нуқтаи оғози ҳаракати худ қарор дод ва бо анҷоми аввалин суханронӣ дар ин рӯз, суханони Имом Хумайнӣ дар бораи Рӯзи Қудсро барои мардум бозхонӣ кард.[36] Ӯ роҳпаймоиҳои сершуморе алайҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барпо кард.[37] Ва шиори маъруфи ҳусиҳо алайҳи Амрико ва Исроил ба номи Сархаро [Ёддошт 1] ибдоъ кард.[38] Ҳусайн ал-Ҳусӣ фаъолиятҳои иҷтимои сершуморе барои мардуми минтақаи худ анҷом дод, ки аз ҷумлаи онҳо таъсиси ҷамъияти хайрияи Маррон, таъсиси мадарасаҳои динӣ, таъсиси марказҳои табобатӣ ва фаъолиятҳои ободонии мухталиф аст.[39]

Асарҳо

Бархе аз суханрониҳои Сайид Ҳусайн ал-Ҳусӣ ба шакли китоб, чоп ва нашр шудаанд, ки унвони бархе аз онҳо ба таври зерин аст:

  • الثورة الاسلامیه فی ایران فی محضرات و دروس الشهید القائد السید حسین بدرالدین الحوثی. Ин китоб аз ҷониби Муҳаммад Ҳусайн ал-Фараҳ ҷамъоварӣ шудааст ва Абдулъаббос Багъон онро бо унвони Инқилоби исломии ҷадид ба форсӣ тарҷума кардааст. Тарҷумаи ин китоб аз ҷониби Дафтари нашри маъориф нашр шудааст.[40]
  • دروس من هدی القرآن الکریم. Ин унвони маҷмӯае аз китобҳост, ки бо унвонҳои дувум монанди الشِعارُ سِلاحٌ و مَوقِفٌ, مَعرفةُ الله عَظمةُ الله, الثَقافَةُ القرآنیّه, لا عُذرَ لِلجَمیع اَمامَ الله ва ғайра ба табъ расидаанд.[41]

Такфир ва қатли ал-Ҳусӣ

Марқади Ҳусайн Бадриддин ал-Ҳусӣ қабл аз тахриб ба дасти ваҳҳобиҳо

Фаъолиятҳои ал-Ҳусӣ алайҳи Исроил ва Амрико боиси судури фатвои такфир ва қатли ӯ тавассути олимони вобаста ба низоми ҳокими Яман гардид.[42] Онҳо муддаӣ шуданд, ки Сайид Ҳусайн иддаои паёмбарӣ, маҳдавият ва имомат дорад.[43] Дар соли 2004, 640 нафар аз тарафдорони Ҳусайн ал-Ҳусӣ, ки дар ҳоли роҳпаймоӣ буданд, боздошт шуданд.[44] Сипас давлати ҳокими Яман 55 ҳазор доллар барои дарёфти иттилооте, ки сабаби дастгирии ӯ шавад таъйин кард.[45] Пас аз кушта шудани 25 нафар аз наздикони ӯ тавассути давлати Яман, ин маблағ ба 75 ҳазор доллар афзоиш ёфт.[46] Шаш рӯз пас аз бозгашти Абдуллоҳ Солеҳ аз Амрико, ҷанги давлат алайҳи ҳусиҳо оғоз гардид.[47] Ба шаҳодати асноди маҳрамона, ин ҷанг бо тавофуқи Ҷорҷ Буш - раиси ҷумҳури вақти Амрико ва Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ дар Вашингтон поярезӣ шуд.[48]

Шаҳодат

Тасвири рӯи ҷилди китоби Увайси Хумайнӣ

Ҳусайн ал-Ҳусӣ дар соли 1425ҳ.қ., мусодиф бо 2004 дар минтақаи Маррон дар муҳосираи артиши давлати Яман ба раёсати Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ қарор гирифт.[49] Ӯ пас аз муқовимати ҳаштодрӯза, тибқи як нақл, дар даргирии тан ба тан ба шаҳодат расид.[50] Ба гузориши дигаре, пас аз ин ки аз сару по осеб дид ва биноияшро аз даст дод, ба вай амон дода шуд, аммо пас аз дастгирӣ, ӯро ба шаҳодат расонданд.[51] Гуфта мешавад, дар ин ҷанг, ҳафтсад нафар аз ҳусиҳо ва понздаҳ ҳазор нафар аз артиши Яман кушта шуданд.[52] Фармондеҳи нерӯҳои марказии Амрико, пас аз кушта шудани Сайид Ҳусайн ал-Ҳусӣ, бо ирсоли номае ба Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ табрик гуфт ва аз ӯ ташаккур кард.[53]

Ҷасади Сайид Ҳусайн, дар соли 2013, ба хонаводааш таҳвил дода шуда ва тайи маросиме дар Маррон ба хок супурда шуд.[54] Боргоҳе бар мазори вай бино шуд, ки дар соли 2015 бар асари ҳамалоти эътилофи Саъудӣ, тахриб гардид.[55]

Такнигорӣ

  • Увайси Хумайнӣ; ҷунбиши ал-Ҳусии Яман ва дидгоҳҳои шаҳид Ҳусайн ал-Ҳусӣ. Ин китоб ба қалами Ҳамидризо Ғариб Ризо нигошта шудааст. Дафтари нашри маорифи ин китобро ба чоп расондааст.[56]
  • Саҳифаҳои рӯшан аз ҳаёти шаҳид Сайид Ҳусайн Бадруддин ал-Ҳусӣ (арабӣ: صفحات مشرقه من حیاة الشهید السید حسین بدرالدین الحوثی), ба қалами Яҳё Қосим Абуавоса, ки аз ҷониби Маъҳад-ул-маориф-ил-ҳикмия нашр шудааст.[57]
  • Шаҳиди Қуръон (арабӣ: شهید القرآن) Ин китоб аз ҷониби Алӣ Абдурраҳмон Аҳмад ал-Мушкӣ таълиф шудааст.[58]

Нигорхона

Эзоҳ

  1. Сафаҳот мушриқа мин ҳаёт-иш-шаҳид-ил-қоид ас-Сайид Ҳусайн Бадриддин ал-Ҳусӣ, саҳ.15.
  2. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.45; «زندگی‌نامه شهید شاخص راهیان نور سید حسین بدرالدین حوثی», Пойгоҳи итилоърасонии Ситоди марказии Роҳиёни нур; «الحوثیون من هم و کیف نشأت حرکتهم», вебгоҳи шабакаи хабарии BBC.
  3. «جماعة الحوثی (تنظیم الشباب المؤمن/انصارالله) شعاراتهم ضد امریکا و موقف الامریکان منهم», вебгоҳи Тариқ-ул-Ислом.
  4. «حسین الحوثی... من الدعوه الی التمرد», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Ҷазира
  5. «نبذه مختصره عن الشهید القائد السید حسین بدرالدین الحوثی», вебгоҳи Ансоруллоҳ.
  6. «جماعة الحوثی (تنظیم الشباب المؤمن/انصارالله) ابرز الشخصیات», вебгоҳи Тариқ-ул-Ислом.
  7. «حسین الحوثی... من الدعوه الی التمرد», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Ҷазира».
  8. «جماعة الحوثی (تنظیم الشباب المؤمن/انصارالله) التعریف بجماعة الحوثی و نشأتهم», вебгоҳи Тариқ-ул-Ислом.
  9. Ал-Муҷоҳид, “ат-Ташайюъ фи Саъда - афкор-уш-шабоби-л-муъмин фи-л-мизон”, саҳ.196.
  10. Ал-Ҳиёл, Мин фикр-иш-шаҳид ал-Ҳусӣ, 1422ҳ.қ., саҳ.6.
  11. Ал-Ҳиёл, Мин фикр-иш-шаҳид ал-Ҳусӣ, 1422ҳ.қ., саҳ.6.
  12. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.245.
  13. «السید حسین الحوثی.. الفکر الجهادی و الانتماء الیمنی», рӯзномаи ал-Вифоқ, 11 сентябри 2023, саҳ.7.
  14. «السید حسین بدرالدین الحوثی من الولاده.. الی معراج الشهاده», вебгоҳи Ансоруллоҳ.
  15. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.273.
  16. «الشهید حسین بدرالدین الحوثی», вебгоҳи ал-Ханодиқ.
  17. Риққа, «السید حسین الحوثی.. الفکر الجهادی و الانتماء الیمنی», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Маёдин.
  18. Риққа, «السید حسین الحوثی.. الفکر الجهادی و الانتماء الیمنی», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Маёдин.
  19. Риққа, «السید حسین الحوثی.. الفکر الجهادی و الانتماء الیمنی», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Маёдин.
  20. «جماعة الحوثی (تنظیم الشباب المؤمن/انصارالله) - حسین الحوثی و الثورة الایرانیه و رموز التشیع», вебгоҳи Тариқ-ул-Ислом.
  21. «جماعة الحوثی (تنظیم الشباب المؤمن/انصارالله) - حسین الحوثی و الثورة الایرانیه و رموز التشیع», вебгоҳи Тариқ-ул-Ислом.
  22. «جماعة الحوثی (تنظیم الشباب المؤمن/انصارالله) - حسین الحوثی و الثورة الایرانیه و رموز التشیع», вебгоҳи Тариқ-ул-Ислом.
  23. «جماعة الحوثی (تنظیم الشباب المؤمن/انصارالله) - حسین الحوثی و الثورة الایرانیه و رموز التشیع», вебгоҳи Тариқ-ул-Ислом.
  24. «جماعة الحوثی (تنظیم الشباب المؤمن/انصارالله) - حسین الحوثی و الثورة الایرانیه و رموز التشیع», вебгоҳи Тариқ-ул-Ислом.
  25. «جماعة الحوثی (تنظیم الشباب المؤمن/انصارالله) - حسین الحوثی و الثورة الایرانیه و رموز التشیع», вебгоҳи Тариқ-ул-Ислом.
  26. «السید حسین بدرالدین الحوثی من الولاده.. الی معراج الشهاده», вебгоҳи Ансоруллоҳ.
  27. «السید حسین بدرالدین الحوثی من الولاده.. الی معراج الشهاده», вебгоҳи Ансоруллоҳ.
  28. «حسین الحوثی... من الدعوه الی التمرد», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Ҷазира».
  29. «الشهید حسین بدرالدین الحوثی», вебгоҳи ал-Ханодиқ.
  30. «السید حسین بدرالدین الحوثی من الولاده.. الی معراج الشهاده», вебгоҳи Ансоруллоҳ.
  31. «حسین الحوثی... من الدعوه الی التمرد», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Ҷазира».
  32. «الحوثیون من هم و کیف نشأت حرکتهم», вебгоҳи шабакаи хабарии BBC.
  33. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.242.
  34. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.243.
  35. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.114.
  36. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.114.
  37. «حسین الحوثی... من الدعوه الی التمرد», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Ҷазира».
  38. Риққа, «السید حسین الحوثی.. الفکر الجهادی و الانتماء الیمنی», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Маёдин.
  39. Сафаҳот мушриқа мин ҳаёт-иш-шаҳиди-л-қоид ас-Сайид Ҳусайн Бадриддин ал-Ҳусӣ, саҳ.28 - 31.
  40. «انقلاب اسلامی جدید: انقلاب اسلامی ایران در سخنرانی‌های رهبر شهید انصارالله سیدحسین بدرالدین حوثی», вебгоҳи Гисум.
  41. «دروس من هدی القرآن الکریم», вебгоҳи Ҷамъияти хайрияи таълими Қуръони карим.
  42. «الشهید حسین بدرالدین الحوثی», вебгоҳи ал-Ханодиқ; «نبذه مختصره عن الشهید القائد السید حسین بدرالدین الحوثی», вебгоҳи Ансоруллоҳ.
  43. «من حسين الحوثی الی عبدالملک... انصارالله(۲)», вебгоҳи архиви шабакаи хабарии ал-Манор.
  44. «زندگی‌نامه شهید شاخص راهیان نور سید حسین بدرالدین حوثی», Пойгоҳи итилоърасонии Ситоди марказии Роҳиёни нур.
  45. «حسین الحوثی... من الدعوه الی التمرد», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Ҷазира».
  46. «زندگی‌نامه شهید شاخص راهیان نور سید حسین بدرالدین حوثی», Пойгоҳи итилоърасонии Ситоди марказии Роҳиёни нур.
  47. Риққа, «السید حسین الحوثی.. الفکر الجهادی و الانتماء الیمنی», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Маёдин.
  48. Риққа, «السید حسین الحوثی.. الفکر الجهادی و الانتماء الیمنی», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Маёдин.
  49. «السید حسین بدرالدین الحوثی من الولاده.. الی معراج الشهاده», вебгоҳи Ансоруллоҳ.
  50. «السید حسین بدرالدین الحوثی من الولاده.. الی معراج الشهاده», вебгоҳи Ансоруллоҳ; «جواس لست انا من قتل حسین بدرالدین الحوثی و هذا ما عثرت علیه فی جعبته بعد مقتله», вебгоҳи ал-Ҳикма-нет.
  51. «سید حسین بدرالدین الحوثی بنیانگذار انصارالله یمن», вебгоҳи Увайси Қаранӣ.
  52. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.87.
  53. Риққа, «السید حسین الحوثی.. الفکر الجهادی و الانتماء الیمنی», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Маёдин.
  54. Риққа, «السید حسین الحوثی.. الفکر الجهادی و الانتماء الیمنی», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Маёдин.
  55. Риққа, «السید حسین الحوثی.. الفکر الجهادی و الانتماء الیمنی», вебгоҳи шабакаи хабарии ал-Маёдин.
  56. Шайх Ҳусайнӣ, Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, саҳ.304.
  57. «کتاب صفحات مشرقه من حیاة الشهید السید حسین بدرالدین الحوثی», вебгоҳи Мактабату нур.
  58. «تحمیل کتاب شهید القرآن الشهید القائد السید حسین بدرالدین الحوثی», вебгоҳи Мактабату нур.

Ёддошт

  1. الله اکبر، الموت لامریکا، الموت لاسرائیل، اللعنة علی الیهود، النصر للاسلام

Сарчашма